Дониш – зевари маънавии инсон

Конференсияи илмӣ – назариявие, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯзи 13 – уми апрел доир гардид, ба мавзӯи хеле муҳим “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида шуд.

Конфронс ба ғайр аз ҷаласаи ифтитоҳӣ боз аз 15 бахш иборат буд:

 - Молия ва қарз – 35 маърӯза;

 - Фаъолияти бонкӣ – 34 маърӯза;

 - Андоз ва суғурта – 23 маърӯза;

 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит – 35 маърӯза;

 - Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ – 24 маърӯза;

 - Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат – 20 маърӯза;

 - Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт – 8 маърӯза;

 - Маркетинг ва тиҷорат – 23 маърӯза;

 - Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ – 27 маърӯза;

 - Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ – 27 маърӯза;

 - Фанҳои ҷамъиятшиносӣ – 20 маърӯза;

 - Назарияи иқтисод - 22 маърӯза;

 - Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ - 34 маърӯза;

 - Ҳуқуқи иқтисодӣ - 15 маърӯза;

 - Кафедраи забонҳо - 21 маърӯза.

Дар маҷмӯъ, дар конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯёни донишгоҳ, ки рӯзҳои 13 – ум – 17 –уми апрели соли 2020 доир мегардад, 368 мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 960101 Меҳроҷиддини Ҷаббор оғоз намуда, аҳли толоро ба оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфт ва бо камоли эҳтиром суханро ба муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ Заррина Қодирова во гузошт.

 

Заррина Қодирова донишҷӯёну омӯзгоронро ба “Ҳафтаи илм” самимона шодбош гуфта, аз ҷумла, зикр намуданд, ки Ҳукумати кишвар, бахусус, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди илми ватанӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои зиёд андешида истодаанд, ки “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, гузаронидани мизи мудаввар, викторина ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки тайи рӯзҳои “Ҳафтаи илм” доир карда мешаванд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

 

Сипас дар ҷаласаи ифтитоҳӣ (13.04.2020) донишҷӯён – Муҳаммадраҳим Аҳмадзода, курси 1, ихтисоси 250103 дар мавзӯи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – асоси рушди иқтисоди кишвар”, Сабрина Ҷабборова – курси 2-юми ихтисоси 25010407, дар мавзӯи “5500 – солагии Саразми бостонӣ”, Дилафрӯз Ҳакимализода – курси 3-юми ихтисоси 25010402, дар мавзӯи “Нақши саноатикунонӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон”, Бибимайрам Ҳасанова – курси 1, ихтисоси 250108, дар мавзӯи “Таърихи математика” маърӯзаҳои пурмазмуни хешро ироа намуданд.

 

Нимаи дуюми рӯз иштирокдорони конфронс фаъолияти худро дар бахшҳои муайян идома доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top