Онлайн-вохӯрӣ бо донишҷӯён

7 - уми апрели соли 2020 дар раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ онлайн-вохӯрӣ бо донишҷӯёне, ки дар доираи барномаи табодул барои идомаи таҳсил дар нимсолаи дуюми соли таҳисили 2019-2020 ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода шуда буданд, баргузор гардид.

 

Ҳадафи вохӯрӣ аз шиносоӣ бо шароити зист, будубош, таҳсили донишҷӯён ва раванди таҳсилоти фосилавии онҳо дар давраи карантин дар кишварҳои хориҷӣ иборат буд. Дар раванди онлайн - вохӯрӣ маълум гардид, ки, дар ҳақиқат, донишҷӯён дар шароити  карантин қарор доранд ва таҳсили худро ба тариқи фосилавӣ идома дода истодаанд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top