Гулдухтарон дар “Сайри гули лола”

4-уми апрели соли 2020 бо саъю эҳтимоми мутахассисони шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ як гурӯҳ донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар ҳамоиши “Сайри гули лола”, ки дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии Душанбешаҳр баргузор гардид, иштирок намуданд.

Гулдухтарон дар даромадгоҳи боғ меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро бо меҳру муҳаббат ва эҳтирому икром пазироӣ намуданд ва рисолати худро дар ҳамоиш дар сатҳи баланд иҷро карданд.

 

 

Аз ҷониби масъулони ҳамоиш ба раёсати донишгоҳ, мутахассисони шуъба ва донишҷӯдухтарон сипос ва минатдорӣ баён гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top