Китоб – хазинаи дониш ва ҳикмат

3-юми апрели соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо саъю кӯшиши раёсати илм ва инноватсия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонон бояд китобҳои илмӣ ва адабӣ бихонанд» бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Қодирова З. Ҳ. ва унвонҷӯёну докторантҳо тадвир ёфт.

Ҳамоишро бо сарсухан Заррина Қодирова оғоз намуда, зикр намуд, ки дар асоси дастуру супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи имрӯзаи мо рӯ ба китобу китобхонӣ овардааст ва унвонҷӯёну докторантҳои донишгоҳ низ  бояд ҳар чӣ бисёртар адабиёти илмӣ ва бадеӣ бихонанд, то маърифату маънавияти худро ғановатманд бигардонанд. Афзун бар ин, мавсуф ба иштирокдорони ҳамоиш перомуни шеваю усули пешбурди кори илмӣ ва корбасти манбаъҳои гуногуни илмию тадқиқотӣ маълумот ироа намуд.

 

Сипас унвонҷӯёни донишгоҳ Манучеҳр Исмонов ва Шаҳриёр Рафиев доир ба омӯзиши осори илмӣ ва истифодаи босамари он дар рисолаи илмӣ гузориш доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top