Шеваи иншо ва тадвини рисолаи илмӣ

2 – юми апрели соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ силсилаи семинарҳои илмӣ-амалӣ оғоз ёфт, ки мавзӯи нахустини он “Тарзи навиштани рисолаи илмӣ ва таҳияи он” интихоб гардид.

Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Заррина Қодирова, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод  Шаропов ва унвонҷӯёну докторантҳо иштирок намуданд.

 

 

Олими шинохтаи соҳаи иқтисод Фарҳод Шаропов фикру ақидаи омӯзандаю судманди худро доир ба тарзу усулҳои навиштан ва тадвини рисолаи илмӣ ба унвонҷӯёну докторантҳо иброз намуд ва ба суолҳои иштирокдорони семинар посух гуфт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top