Семинари илмӣ – назариявӣ

28-уми марти соли 2020 дар кафедраи ҳуқуқи иқтисодии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи донишгоҳ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи “Шаклҳои ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ барои вайрон кардани шартҳои шартномаи таъмини барқ” тадвир ёфт, ки дар он омӯзгорону магистрҳо ва донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои ҳуқуқи иқтисодӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ иштирок намуданд.

Нахуст семинарро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов оғоз намуда, суханро ба муаллими калони кафедра Субҳоналӣ Мирзоев вогузор кард.

 

Мавсуф перомуни мавзӯи зикршуда сухан кард ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт. Ҳамчунин, иштирокдорони ҳамоиш дар доираи мавзӯи матраҳгардида андешаву мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top