Ҷавондухтарони ҳунарманд

19 – уми марти соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши  масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони  «Ҷавондухтари  ҳунарманд»  гузаронида шуд.

Озмун аз чор шарт: муаррифии гӯруҳ, кадбонуи беҳтарин, дастони моҳир ва модари намунавӣ иборат буда, дар он донишҷӯдухтарони факултетҳо ҳунар, малака ва маҳорати худро ба аҳли нишаст пешниҳод намуданд.

Натиҷаи озмун дар байни дастаҳои донишҷӯдухтарони факултетҳо чунин ҷамъбаст гардид:

1. Дастаи “Лола”-и факултети МИБ ва ҳуқуқ;

2. Дастаи “Оиша”-и факултети молия ва фаъолияти бонкӣ;

3. Дастаҳои “Меҳрофарин” ва “Гулдухтарони тоҷир”-и факултаҳои иқтисодиёт ва менеҷмент, тиҷорат ва гумрук.

 

 

 

 

Дар фарҷом муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ Заррина Қодирова аз номи раёсати донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати фаро расидани фасли баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба гулдухтарони ғолиб туҳфа ва ифтихорномаҳои роҳбарияти ин боргоҳи илму маърифатро тақдим намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top