Семинари судманд

Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва робита бо хатмкардагон ДДТТ рӯзҳои 12-ум ва 13-уми март дар толори асосии донишгоҳ дар мавзӯи “Таҷрибаомӯзии пешаздипломии хатмкунандагон” семинар баргузор намуд.

Дар семинар декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, номзади илми иктисодӣ,  дотсент Ф. Аминов, ҷонишини декани МИБ ва ҳуқуқ, номзади илми филологӣ, дотсент М Қаҳҳоров, декани факултети тиҷорат ва гумрук, доктори илми иктисодӣ, дотсент М. Саидова ва мудирони кафедраҳои тахассусии факултетҳои зикршуда ва роҳбарони гурӯҳҳои таҷрибаомӯзӣ иштирок доштанд.

Дар кори семинар, ки бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми омӯзиши рӯзонаи факултетҳои молия ва фаъолияти бонкӣ, МИБ ва ҳуқуқ, тиҷорат ва гумрук, иҳтисодиёт ва менеҷмент баргузор гардид, мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва робита бо хатмкардагон номзади илми педагогӣ, дотсент Б. Ҳусейнов суханронӣ намуда, доир ба ҳадаф ва масоили гуногуни таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуд. Риояи реҷаи корӣ ва одоби муошират дар истеҳсолот масъалаи асосии кори семинарро ташкил медод.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top