Дар остонаи Рӯзи Модар

Модар, ту  биҳишти ҷовидонӣ, модар,
Хуршеди баланди осмонӣ, модар.
Дар чашми ту нури  зиндагонӣ, ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, модар.

5-уми марти  соли равон дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии факултети тиҷорат ва гумрук ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар дарси кушоди тарбиявии  муаллими калон, сарпарасти гурӯҳ Парвина Аҳмадова бо донишҷуёни курси дуюми ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ баргузор гардид, ки дар он декани факултет, доктори илми иқтисодӣ Мунаввара Саидова ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Парвина Аҳмадова бонувону донишҷӯдухтаронро барои “Рӯзи Модар” табрику таҳният гуфт ва доир ба қадру манзалати модар, эҳтироми падару модар, худшиносию ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша кард.

Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯёни гурӯҳ Раббонӣ Юсуфзода, Шаҳром Рустамов ва дигарон дар мавзӯи “Модар ва ситоиши он” суханронӣ ва шеърҳо қироат намуданд.

Сипас мутахассиси шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият Саъдӣ Додарбеков дарси тарбиявии Парвина Аҳмадоваро пурмазмун, бамаврид ва ибратомӯз хонданд.

Дар фарҷом Мунаввара Саидова баргузор намудани чунин дарсҳои тарбиявиро, ки дар баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон бисёр муҳим аст, яке аз самтҳои асосии фаъолияти садорат ва омӯзгорону мутахассисони факултет донистанд ва ба омӯзгорону масъулине, ки дар доир гардидани ин ҳамоиш саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top