Ҷашни Рӯзи Модар

Модар муқаддастарин ва гиромитарин шахс барои ҳар як инсони комил ба ҳисоб рафта, барояш чӣ қадар хидмате, ки накунем, кам аст.

Перомуни хидмати бедареғи модар дар ҳаққи фарзанд шоир фармудааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ин байти пурмазмуни шоир аз бузургӣ, меҳру муҳаббати беандозаи модар нисбат ба фарзанд ва арҷгузорӣ ба ин шахси муътабар шаҳодат медиҳад.

Ҳамоише, ки рӯзи 6 – уми марти соли 2020 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ва бонувону донишҷӯдухтарон доир гардид, ба ҳамин ҷашни фархунда бахшида шуд.

 

Ҳамоишро ректори донишгоҳ оғоз намуда, бонувону донишҷӯдухтаронро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт ва аз саҳми шоистаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ёдовар шуд ва перомуни эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу либоси миллӣ, бузургии модар, иштироки фаъолонаи донишҷӯдухтарон дар ҷашнҳои милливу давлатӣ ва дигар масоили муҳим, ки нақши эшон дар ташкил ва баргузории онҳо назаррас аст, бо камоли ифтихор суханонӣ кард.

 

Дар анҷоми қисми расмии ҳамоиш аз ҷониби ректори донишгоҳ ба занону донишҷӯдухтарони фаъол мукофоти пулӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба номзади илми иқтисодӣ, муаллими калон Сарвиноз Урунова сипосномаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

 

Суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои ҷолибе, ки дар қисми фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук дар сатҳи баланд иҷро гардид, ба ҳамоиш ҳусни тоза бахшид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top