Супоридани сертификатҳои байналмилалӣ

Тавре ки иттилоъ дода будем, Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АМАР) аз 9 – ум то 12 – уми декабри соли 2019 мутобиқати барномаҳои таълимӣ, раванди таълим ва шароити донишгоҳро барои амалӣ намудани 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи зинаи бакалавр – 1 – 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ, 1 – 250104 – молия ва қарз, 1 – 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо, 1 – 240103 ҳуқуқи иқтисодӣ ва 2 барномаи таълимии магистратура – 1 – 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва 1 – 250104 – молия ва қарз арзёбӣ намуд.

Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии АМАР, аз 20- уми декабри соли 2019, барномаҳои пешниҳодгардида аз аккредтатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Дар робита ба ин, 3 – юми марти соли 2020 раиси АМАР Алина Жумагулова ва намояндаи ҳамин ташкилот барои супоридани шаҳодатномаҳои барномаҳои таълимии зикршуда ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

 

 

Сипас Алина Жумагулова дар хусуси омодагии хуби ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳарф зада, аҳли коллективро ба ин дастоварди муҳимми илмӣ табрик намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба ректори донишгоҳ шаҳодатномаҳои барномаҳои таълимиро супорид.

  

Дар фарҷоми ҷамъомад донишҷӯёни донишгоҳ – Дилноза Нарзова, Шомил Холиқов ва Гузал Назарова доир ба шароити мусоиди донишгоҳ, заминаи мустаҳками моддӣ – техникӣ, потенсиали хуби кадрӣ ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ДДТТ фикри худро баён карданд.

  

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top