Викторина аз фанни экология

26 – уми феврали соли 2020 дар кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии факултети тиҷорат ва гумрук ба муносибати Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ викторина аз фанни экология баргузор гардид, ки дар он муаллими фанни экология Парвина Аҳмадова, омӯзгорони кафедра ва факултет иштирок намуданд.

Дар викторина гурӯҳи “Тоҷирон” ва “Сарҳадчиён” рақобати зеҳнӣ нишон доданд.

Озмун аз се шарт: ҳозирҷавобӣ, оростани дастархони сабзавоту меваҷот, ва пешниҳоди маълумоти шифоҳӣ доир ба ҳар як сабзавот ва меваҷот иборат буд.

 

 

Дар ҷамъбасти викторина гурӯҳи “Тоҷир” ғолиб омад.

Ба гурӯҳи ғолиб ва иштирокдорони он – Беназир Мӯсоева аз “Тоҷир” ва Дилноза Худойдодова аз “Сарҳадчиён” ифтихорнома тақдим гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top