Интихобот – 2020

Дар участкаи интихоботии № 7, ки дар донишгоҳ ҷойгир шудааст, корҳои омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва саъю кӯшиши аъзои комиссия дар сатҳи баланд анҷом пазируфт.

Дар участкаи интихоботӣ корҳо доир ба таҳияи рӯйхати интихобкунандагон, ҳуҷҷатҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак ва лавозимоти зарурӣ пурра омода карда шуда, ҷиҳати сари вақт бурда расонидани хабарномаҳо аз ҷониби аъзоёни комиссия чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

  

Хуллас, участкаи интихоботӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пурра омода буда, аъзои тасмим гирифтанд, ки маъракаи сиёсиро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ баргузор намоянд.

Дар рӯзи интихобот, ки 1-уми марти соли 2020 дар ҳамаи гӯшаю канори кишвари ҳуқуқбунёду демократиамон доир мегардад, ҳар як шаҳрванди мамлакат, ки синни ӯ ба 18-солагӣ расидааст, барои номзади арзанда ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top