Олимпиада аз фанни назарияи иқтисодӣ

21-уми феврали соли 2020 дар донишгоҳ даври дуюми олимпиадаи умумидонишгоҳӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои гуногун баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илми иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Абдураҳмонов У. М., профессор Исоматов Б. И. ва муаллими калон Резмонов С. А. иштирок намуданд.

Иштирокдорони даври дуюми олимпиада аз 14 нафар иборат буд ва онҳо аз фанни назарияи иқтисодӣ аз имтиҳони ҷиддии устодони фан гузаштанд.

 

Донишҷӯёни зерин ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд:

1.Хушбахт Дӯстов, донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси 250103, 94 хол.

2.Асҳобуддин Ҳомидзода, донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси 250108, 90 хол.

3.Абдулло Мӯсоев, донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси 250108, 70 хол.

Ғолиби даври дуюми олимпиадаи умумидонишгоҳӣ Хушбахт Дӯстов ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top