Семинари ҷумҳуриявии илмӣ

24 – уми феврали соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинари ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Рушди низоми молия ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки сардори раёсати  илм ва инновация, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К.  ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст семинарро профессор Раҷабов Р.К. бо сухани муқаддимавӣ оғоз  намуда, ба доктори илми иқтисодӣ, профессор Ҷабборов А. барои саҳми арзандааш дар таълиму тарбия ва омода  намудани кадрҳои баландтахассуси соҳаҳои иқтисод ва молия аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. сипоснома, аз ҷониби раёсати илм ва инновация, аъзои факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, кафедраи молия ва қарз туҳфаи хотиравӣ супориданд.

 

 

Дар ҳамоиши илмӣ профессор Ҷабборов А. дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди низоми ҳифзи иҷтимои аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, доир ба эъломияи истиқлолияти давлатӣ, иҷлосияи  таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд, ташкили ҳукумати конститутсионӣ, интихоби  раиси Шӯрои Олӣ, нақши бузурги Президенти  кишвар дар рушди давлат ва ҷомеа ва дигар масоили муҳим ибрози назар кард.

 

Дар идомаи семинар ассистенти кафедраи андоз ва суғурта Садафмоҳ Ҳомидова дар мавзӯи «Такмили низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади беҳинасозии бори андозӣ»  сухан гуфт.

Дар фарҷоми семинар  Раҷабов  Р.К. дар мавзӯи «Буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» суханронӣ намуд  ва ба масъулону омӯзгороне, ки дар гузаронидани ин ҳамоиши илмӣ саҳм гузоштанд, изҳори сипос кард.   

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top