Перомуни масоили доғи рӯз

21- уми феврали соли 2020 дар шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ҷаласаи Шӯрои занони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он раиси шӯрои мазкур С.Нуралихонзода  ва дигар аъзо иштирок намуданд.

С.Нуралихонзода  ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва нақшаҳои кории шӯро, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи духтарон ва занон дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, мутобиқ гардонидани донишҷӯдухтарон, ба шароити таҳсил дар ин боргоҳи илм , ҳифзи арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани нуфузу мақоми оила дар ҷомеа ва эҳтирому қадршиносии насли калонсол аз ҷониби наврасону ҷавонон ибрози андеша кард.

Мавсуф зикр намуд, ки дар асоси тасмими Шӯрои занон дар донишгоҳ дар соли 2020-ум маҳфилу ҳамоишҳои гуногуни илмию фарҳангӣ чун вохӯрию мусоҳиба, озмуни фарҳангӣ, мизи мудаввар ва намоишҳои либосҳои миллӣ таҳти унвони “Либос – муаррифи фарҳанги миллӣ” бо иштироки фаъолонаи донишҷӯдухтарон гузаронида мешавад.

 

Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар аз ҷониби аъзои шӯро доир намудани суҳбату маҳфил ва ҳамоишҳо перомуни худшиносию ҳувияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ, пешгирии терроризму ифротгароӣ, маҳалгароию миллатчигӣ ва паст кардани шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеа ба назар гирифта шудааст.

Имрӯз Шӯрои занони донишгоҳ доир ба таҳияи барномаи комплексии тарбиявӣ, иртиботи масъулини донишгоҳ бо волидайни донишҷӯдухтарон ва тарбияи ахлоқии онҳо саҳмгузор буда, барои боло бурдани обрӯю нуфуз ва мақоми зан дар ҷомеа саъю кӯшиш менамоянд.

Дар ҷаласаи мазкур дигар аъзои шӯро низ доир ба масъоили мавриди назар ибрози андеша карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top