Ҳашари умумидонишгоҳӣ

Ба мақсади таҷлили шоистаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати ободу зебо ва тозаву озода гардонидани биноҳои маъмурию таълимӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муасиссаи таълимӣ, кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба муассисаи таълимӣ вобаста карда шудааст, рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи сипаригардида дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳашари умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд.

 

Дар ҳашар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, корҳои зерин: тозаву озода гардонидани дохили биноҳои таълимӣ, саҳни ҳавлӣ, ободу зебо намудани ҳудуди донишгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, тоза кардани ҷӯйборҳои гирду атрофи донишгоҳ ва побел кардани қитъаҳои замини назди муассисаи таълимиро хушсифат анҷом доданд.

Тавре ки раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Обид Валиев иброз дошт, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашари умумидонишгоҳӣ гузаронида, корҳои ободонию хуррамгардониро дар сатҳи баланд ба иҷро мерасонанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top