Арҷгузорӣ ба забони модарӣ

19-уми  феврали  соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо ибтикори омӯзгорони забони тоҷикии кафедраи забонҳо  бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ  бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳира Абророва,  Назира Асадуллоева, сардори  раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ф.М. Акрамов, мудири кафедраи забонҳо И.А. Турди-Аханова ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд.

Семинарро бо сухани муқаддимавӣ Ф.М.Акрамов оғоз намуда, суханро ба намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳира Абророва во гузошт. Номбурда оид ба нақши забони модарӣ дар рушди иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, аҳамияти таҷлили Рӯзи байналмилалии забон дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ суханронӣ намуданд. Сипас, дотсенти кафедраи забонҳо  Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур  дар мавзӯи “Забон-ганҷи шойгон” маърӯзаи пурмазмун намуд.

 

 

Дар идомаи семинар номзади илмҳои филологӣ, Ҷамшед Гурезов дар мавзӯи “Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  маърӯза намуда, зикр карданд, ки Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, балки чун донишманд ва олими риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.  

Ҳамчунин, донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ дар ситоиши забони шевою шоиронаи тоҷикӣ,  Ватан-модар, Тоҷикистон  порчаҳои шеърӣ қироат намуда, хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Дар фарҷоми семинар Файзалӣ Акрамов ба намояндагони кумитаи мазкур ва омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар гузаронидани ин ҳамоиш саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

 Кафедраи забонҳо ва шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top