Довталаб – 2020

Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми аввалиндараҷа дорад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони болаёқати литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олии кишвар тасмим гирифтааст, ки барои тарғибу ташвиқи чорабинии «Довталаб-2020», шиносоӣ бо равия, самт, ихтисос ва зерихтисосҳои донишгоҳ вохӯрии устодони донишгоҳро бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор намояд.

 

 

Вобаста ба амалӣ намудани дастури мазкур, аз таърихи 14.02.2020 то инҷониб гурӯҳи кории намояндагони донишгоҳ дар ҳайати: мудири шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият Ҳомидов А. Н., мутахассисони шуъба Додарбеков С.А. ва Алимардонова Ф.Қ. бо  омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохурӣ доир намуданд.

Дар ҳошияи сафар гурӯҳи корӣ бо хатмкунандагони макотиби мазкур суҳбату вохӯрӣ гузаронида, ба суолҳои онҳо перомуни шароиту имконоти донишгоҳ ва дигар масоили мавриди назар посух гуфтанд.

Дар поёни суҳбату мулоқот аз ҳамаи хатмкунандагон хоҳиш карда шуд, ки дар чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд ва доир ба шароиту имкониятҳо ва дастоварду зарфиятҳои илмию таълимии донишгоҳ маълумоти муфассал пайдо кунанд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият ва шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top