Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

10-уми феврали соли 2020 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ, №1 Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Юнусов Ҷамшед Собирович, мудири шуъбаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Давлатов Аббосалӣ, муовини директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Вохӯриро Аъзамқул Эшонқулов, масъули ҳавзаи интихоботии мазкур бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, номзадҳои зикргардидаро ба аҳли толор муаррифӣ кард. Сипас аз ҷониби номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ, №1 ва шахсони боваринокашон мазмуну муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботӣ манзури аҳли толор гардонида шуд.

Беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии зиёиён, ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирии исқоти ҳамл, масъалаи никоҳ ва талоқ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарификатсияи маблағи таҳсили донишҷӯён, хуллас, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи масъалаҳое буданд, ки дар суханрониҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтанд.

Номзадҳои зикргардида аз аҳли толор – интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихобот – якуми март ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top