Ҳадаф: рушди сифати таҳсилот

Чунин буд мазмуну муҳтавои нахустҷаласаи мутахассисони раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкиистон, ки 3 –юми феврали соли равон доир гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисод Шаропов Фарҳод Раззоқович оғоз намуда, дар бораи роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот, бахусус менеҷменти идоракунӣ суханронӣ намуда, вазифаҳои роҳбарону мутахассисони соҳторҳои навтаъсиси донишгоҳро муайян кард ва таъкид намуд, ки пешрафти донишгоҳ аз кору фаъолияти кормандони раёсати зикргардида вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, суханашро давом дода, гуфт ӯ, ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки вазифаҳои дар наздамон гузошташударо софдилонаю содиқона ба ҷо оварда, ба боварии роҳбарияти донишгоҳ сазовор гардем.

 

Сардори раёсати рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот, дотсент Раҳмоналӣ Мирзоев низ андешаҳояшро доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва низоми менеҷменти сифат баён намуда, таъсиси сохтори нави донишгоҳро бамаврид ва судманд арзёбӣ кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top