Семинари илмӣ

29-уми январи соли 2020 дар факултети тиҷорат ва гумрук семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук ҷумҳурӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба аҳаммияти афзуни нишастҳои илмӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ибрози андеша кард.

 

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. дар мавзӯи “Таҷрибаи хориҷии идоракунии фаъолияти гумрукӣ”, сардори Раёсати ташкили назорати гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодирзода Ҷ.К. дар мавзӯи “Таҳқиқи вақти иҷозати интиқоли молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети тиҷорат ва гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бӯриев Л.Ҷ. дар мавзӯи “Нақши мақомоти гумрук дар ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мудири кафедраи системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов М. дар мавзӯи "Ҳадаф ва сабабҳои асосии гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир нотиқон перомуни масъалаҳо доир ба мавзӯи иқтисоди рақамӣ ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top