Нишасти матбуотӣ

29-уми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро нахуст ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров оғоз намуда, рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфт ва саҳми воқеъбинонаи онҳоро дар пешрафти ҷомеа ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта назарррас арзёбӣ кард.

Баъдан ректори донишгоҳ ба таври муфассал аз хусуси дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 суханронӣ намуд.

Тавре ки ӯ иброз дошт, муваффақияти беҳтарини донишгоҳ дар соли гузашта аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 6 барнома (4 барномаи бакалавриат ва 2 барномаи магистрӣ) ва дар рейтинги макотиби олии кишвар, ки хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 34 нишондод муайян намудааст, донишгоҳ дар байни беш аз 30 муассисаи таҳсилотии олии касбӣ сазовори ҷойи 4 – ум гардид, яъне нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта як зина боло баромад.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма аз ҷониби ректори донишгоҳ ва мутасаддиёни сохторҳои он ҷавоби қаноатбахш дода шуд.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top