Комёбии олими ҷавон

Боиси хурсандист, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафи олимони ҷавон рӯ ба афзоиш аст.

Аз ҷумла чанде пеш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҳомидов Абдуалим Нарзиқулович дар мавзӯи «Рушди низоми хизматрасониҳои телевизион дар шароити иқтисоди бозорӣ» бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ дода шуд.

Раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ Абдуалим Ҳомидовро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ ва эҷодияш комёбиҳои нав ба навро   таманно менамоянд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top