Таҳсил дар хориҷи кишвар

Илму маърифат яке аз омилҳои мухимтарини ҳаёти инсоният ва таҷассумгари рушди чамъият маҳсуб мегардад. Маҳз дар ин ҷода Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тиоҷикистон низ саҳми ногусастание дорад. Ҷиҳати иброз аст, ки соли 2005 бори аввал дар донишгохи мазкур низоми кредитии таълим ҷорӣ карда шуд ва ба натиҷаи назаррас ноил гашт. Инчунин робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар сатҳи баланд қарор дошта, мутахассисони он бо бисёр барномаҳои таҳсилоти байналмилалии муштарак кору фаолият менамоянд. Ҳамасола донишҷӯёни зиёд ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон барои таҳсил фиристода мешаванд.

 

Барои мо донишҷӯён боиси ифтихор аст, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоем ва имкониятҳои зиёди давом додани таҳсил дар хориҷи кишварро дорем. Ман ва Сомона Фақерова низ дар барномаи Erasmus+ ширкат варзида, пирӯз гаштем ва ҳоло дар Донишгохи Пиза, вокеъ дар шаҳри Пизаи Италия, тахсиламонро дар зинаи магистратура давом дода истодаем. Барномаи таҳсили мо ҳамагӣ 5 моҳро дар бар мегирад. Дар донишгоҳи мазкур дар соли таҳсили 2019-2020 дар доираи барноми Erasmus+ аз 52 давлати узв 340 нафар донишҷӯ ширкат дорад. Барнома дар доираи васеъ ба роҳ монда шуда, ба қисматҳои илмию фаҳангӣ ҷудо мешавад. Қисмати аввал аз шиносоӣ бо оину фарҳанги миллӣ, маконҳои таърихӣ ва шабнишинихои даставӣ дар мавзеъҳои зебоманзари Италия оғоз гардид. Айни замон мувофиқи нақшаи барномаи Erasmu+ ба шаҳрҳои Флоренсия, Милан, Венетсия ва Рим сафар карда, бо маконҳои таърихӣ ва фархангу оини Италия шинос шудем. Қисмати таълимӣ хеле хуб тарҳрезӣ шудааст ва ба талаботи умумичаҳонии таълим чавобгӯ мебошад. Мувофиқи шартномаҳои умумии барнома барои мо донишҷӯёни хориҷӣ дар хаҷми на кам аз 30 кредит фанҳои интихобӣ пешниҳод шудааст. Таълим бо усулҳои навтарини методӣ баргузор гардида, маводи илмии дорои сифати стандарти ҷаҳонӣ пешниход мегардад, ки омили муҳимтарин дар пешрафти илму техника маҳсуб мегардад. Низоми холгузорӣ ниҳоят мураккаб ва дақиқ буда, дар охири ҳар як нимсола аз ҳамаи фанҳо се маротиба имтиҳонҳо баргузор мегардад, ки давраи аввали он дар марҳалаи анҷомёбист. Инчунин, дар давоми таҳсил семинарҳои илмии байналмиллалӣ баргузор мегардад, ки донишу малакаи донишҷӯёнро боз ҳам сайқал медиҳад. Китобхонаи донишгоҳ дорои маҷмааи азими китобҳои дарсиву бадеӣ мебошад, ки шумораашон ба дусад ҳазор мерасад.

Таҳсил дар чунин донишгоҳи бонуфуз бароямон дастоварди бузургест, зеро Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё сохтааст, то ҷавонон донишманду пуртаҷриба бакамол бирасанд.

Ҳакимбоев Бахтовар,
Фақерова Сомона.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top