Пешгирии амалҳои номатлуб

Мубориза ба муқобили амалҳои зишту номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, роҳҳои пешгирии он боиси солимии ҷомеа, амну суботи кишвар ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон мегардад.

Ҷамъомаде, ки 28 – уми октябри соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва намояндагони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумита оид ба дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Клуби соҳибкорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, маҳз ба ҳамин масъалаи доғи рӯз бахшида шуд.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Файз Акрамов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва суханро бо камоли эҳтиром ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, полковник Эркин Тоҷиев во гузошт.

 

Мавсуф зимни суханронӣ нақши технологияи муосир, ба хусус, истифодаи дурусту ҳадафманди интернет ва дигар воситаҳои иттилоотиро дар пешрафти ҷомеа назаррас маънидод кард ва ҳамзамон, бо таассуф иброз дошт, ки бархе аз ҷавонон аз ин воситаҳои иттилоотӣ нодуруст истифода бурда, хатари онро эҳсос намекунанд ва дар натиҷа фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи мубаллиғони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мақсадашон ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ аст, мегарданд. Аз ин рӯ, таъкид намуд ӯ, ҷавононро лозим аст, ки бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ дар устувортар гардонидани сулҳу суботи кишвар, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд. Онҳоро на танҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем, балки ҳушдор созем, ки асло ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳама вақт дар ҳифзи Ватан ва амну суботи давлату миллат қарор дошта бошанд.

Дар замони ҳозира, - гуфт корманди Кумита оид ба дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Аминов, - ягон давлат аз хавфу хатари терроризм ва ифротгароӣ эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ, кулли давлатҳоро лозим аст, ки ба ин вабои аср дастаҷамъона мубориза баранд.

 

Дар суханронии полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷкиистон Абдурашид Ҳотамиён низ доир ба роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, инчунин, дар ниҳоди ҷавонон афзун гардонидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз меҳану миллат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ибрози андеша карда шуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top