Тренинг дар доираи татбиқи лоиҳа

Аз 16-ум то 18-уми октябри соли 2019 Маркази машваратии донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ» машғулият дар мавзӯи «Саводи молиявӣ – қобилияти нигоҳ доштани буҷаи оилавӣ» барои донишҷӯдухтарон доир гардид, ки дар он ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Гулнора Ҳисориева ва тренер Абдукарим Қурбонов иштирок намуданд. 

Дар тренинг оид ба аҳамияти афзуни саводи молиявӣ ва дуруст ба нақша гирифтани буҷаи оилавӣ андешаронӣ намуда, донишҷӯдухтаронро бо тарзу малакаҳои хоҷагидорӣ ва истифодаи самараноки буҷаи оилавӣ омӯзонд.

 

Мавсуф перомуни масоили сохтори буҷаи оила, дахлу харҷи он, ҳимояи молиявӣ ва озодӣ, асосҳои нақшаҳои молиявии шахсӣ ва дигар ҷанбаҳои молиявию иқтисодии мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша намуда, дар фароварди сухан ба суолҳои ҳозирин посух гуфт.

Ҳамчунин, дар ҳамин вақти таъиншуда дар Маркази машваратии донишҷӯдухтарон дар доираи лоиҳаи мазкур машғулият дар мавзӯи «Рушди шахсӣ: чӣ гуна бояд муваффақ шуд?» барои донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

  

Доир ба мавзӯи мавриди назар равоншинос Наргис Тоймастова суханронӣ намуда, дар бораи рушди шахс, орзую ҳадафи ӯ худбаҳодиҳӣ, боварӣ ба худ, мусбатандешӣ ва ба даст овардани муваффақият изҳори андеша карданд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top