Сайри дараи Ромит

30-юми сентябри соли 2019 бо саъю кӯшиши садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилаӣ ва ҳуқуқ як гурӯҳ донишҷӯёни курси 3 – юми ихтисоси 250103 – иқтисоди ҷаҳон бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ, муаллими калон Ҷовидон Сафаров дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани эҳсоси худшиносию меҳанпарастии ҷавонон ба истироҳатгоҳи донишгоҳ, ки дар дараи зебоманзару афсонавии Ромит ҷойгир аст, сафар намуданд.

Донишҷӯён дар доираи ин хатсайри сайёҳии дохилӣ бо табиати афсункор, боду ҳавои хуш ва оби зулолу равони дараи Ромит шинос шуда, истироҳати бофароғат карданд ва тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ барои густариши соҳаи сайёҳии дохилӣ чунин хатсайрҳои шавқоварро ба ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангию фароғатии кишвар ташкил хоҳанд кард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top