Фарҳанги зебоипарастӣ ва ободкорӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари таълим ва тарбияи насли ояндасози кишвар ба масъалаи ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани ҳудуди донишгоҳ таваҷҷуҳи вежа зоҳир менамоянд.

Бо ташаббус ва саъю эҳтимоми роҳбарияти донишгоҳ ва меҳнату ободкории кормандони хоҷагӣ дар боғу гулгашт ва ҷойҳои муайяни таълимгоҳ дарахту ниҳолҳои гуногуни сабзу хуррам ва гулҳои зебои рангоранг шинонида шудааст, ки намо ва манзараи зебою дилписанд ва фараҳангезеро ба вуҷуд овардаанд.

 

 

Ҳамаи ин зебоӣ ва сабзу хуррамӣ маърифати зебоишиносӣ ва зебоипарастиро дар ниҳоди омӯзгорону донишҷӯён ба камол мерасонад.

Бино бар ин, бояд ҳар яки мо ба қадри чунин корҳои созанда ва хуррамию ободкорӣ бирасем ва дар амалҳои ободонию бунёдкории донишгоҳи маҳбуби худ саҳми шоиста гузорем, то ин боргоҳи илму маърифат ҳамеша зебою хуррам ва боғистону гулистон дӯстоштаи ҳар як омӯзгору донишҷӯ гардад.

Роҳбарияти донишгоҳ пайваста кӯшиш менамояд, ки барои омӯзгорону донишҷӯён фазою муҳити мусоиди таълимию илмӣ ва фарҳангию фароғатиро ба вуҷуд оварад, то омӯзгорон бо таълиму тадрис ва донишҷӯён ба омӯхтани илму корҳои эҷодӣ бештар машғул гарданд ва бад – ин восита сатҳу сифати таълим ва тарбия дар донишгоҳ баланд шавад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top