Рой Абдо дар донишгоҳ

16-уми сентябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ вохӯрии соҳибкори шинохтаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка, директори Агентӣ доир ба маркетинг Рой Абдо дар мавзӯи “Пешбурди маҳсулоти тиҷоратӣ ва маркетинг дар ШМА” бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

 

Рой Абдо дар масъалаи усулҳои муосири пешбурди маҳсулоти тиҷоратӣ ва маркетинг суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мо бояд аз пайи ақидаву ғояҳои судовару даромаднок нагардем, балки аз рӯи он лоиҳаҳое фаъолият намоем, ки зиндагии инсонро осон мекунанд, роҳу воситаҳои ҳалли душвориҳои гуногунро, ки инсоният ба онҳо дучор омадааст, аниқу равшан менамоянд.

 

Мавсуф зикр намуд, ки дар вақти пешбурди кори соҳибкорӣ ва тиҷорат ба назар гирифтани ду омил бисёр муҳим аст: бовариро нисбат ба худ аз даст надодан ва ҷанбаи илмии бизнесро омӯхтан. Агар ақида ва ғояи шумо зарфият ва тавонмандии тағйир додани тарзи зиндагӣ ва рафтори одамонро дар худ дошта бошад, пас шумо бидонед, ки он даромад ва суд меоварад.

Дар анҷоми вохӯрӣ соҳибкори шинохтаи америкоӣ Рой Абдо ба суолҳои аҳли нишаст посухи аниқ ва муфассал гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top