Конференсияи илмӣ – амалӣ

12 – уми феврали соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи "Вазъи бозори истеъмолӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуд. Дар ҷаласаи пленарӣ дар баробари омӯзгорону кормандони донишгоҳ олимони варзидаи соҳаи иқтисод аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов  Р.К.  оғоз намуда, суханро ба ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. вогузор кард. Профессор Ҳамидуллохон Фақеров бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Вазъи бозори истеъмолӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, дар бораи рушди иқтисодиёти миллӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ, вазъи кунунии бозори истъмолии мамлакат, аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегӣ эълом кардаанд, ибрози андеша намуд.

    

Дар идомаи ҷаласаи пленарӣ олимони шинохтаи соҳаи иқтисод – Абдуғаффор Рауфӣ, Шариф Раҳимзода, Аброр Мирсаидов, Назрулло Сангинов ва Нозимҷон Нидоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, роҳу воситаҳои рушди устувори иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд.  

Дар конференсия нахустин бор дар байни макотиби олии ҷумҳурӣ воситаи муосири техникии бисёрвазифавӣ – минбари электронӣ, ки истеҳсоли кишвари Кореяи Ҷанубӣ мебошад, мавриди истифода қарор гирифт. 

    

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

          

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top