Курсҳои такмили ихтисос

Аз 15 – уми январ то 5 – уми феврали соли 2019 дар асоси шартномаи ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар донишгоҳ курси кӯтоҳмуддати сайёри такмили ихтисос дар равияи иқтисодӣ барои омӯзгорон аз ҷониби профессорону омӯзгорони ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.

    

Дар ин курс 35 – нафар омӯзгору мутахассис фаъолона  иштирок намуда, пас аз муваффақона супоридани санҷишу имтиҳонҳо сазовори дипломи такмили ихтисос дар равияи иқтисодӣ гардиданд.

   

Аз 14 – ум то 24 – уми январи соли 2019  бо кӯшиши аъзои шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ курси кӯтоҳмуддати бозомӯзии “Тахтаи электронӣ” барои омӯзгорон доир гардид. Дар курс 33 – нафар омӯзгор иштирок намуд, ки аз ин шумора 30 – нафари он баъди бомуваффақтият супоридани имтиҳон сазовори сертификати мутобиқат шуданд.

6 – уми феврали соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ аз ҷониби масъулини Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шунавандагони курси равияи иқтисодӣ ва курси бозомӯзии “Тахтаи электронӣ” диплому сертификат супорида шуд.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top