Паём дар меҳвари омӯзиш

5 – уми феврали соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ дар мавзӯи “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқоти муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.Н. ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода бо омӯзгорону донишҷӯён барои тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

   

Нахуст Акрамов Ф.Н. ҳамоишро ифтитоҳ намуда, суханро ба Ризо Назарзода вогузошт. Мавсуф дар доираи мавзӯи зикршуда оид ба аҳамияти бузурги созандаи Паёми раҳнамунсози сарвари кишвар, ки ҷомеаи имрӯзаи моро ба сӯи нуру рӯшноӣ ва рушду шукуфоӣ мебарад, суханронии пурмуҳтаво намуда, аз донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон даъват ба амал овард, ки Паёмро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд ва аз сиёсати муваффақонаи Президенти кишвар ҷонибдорӣ кунанд.    

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top