Ҷамъбасти нимсолаи якум

Аз 29 – уми январ то 4 – уми феврали соли 2019 ҳисоботи роҳбарони факултетҳои донишгоҳ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ҳар як факултет дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2018 – 2019 дар назди аҳли Раёсат ва роҳбарони сохторҳои марбута шунида шуд.

     

Роҳбарони факултетҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, тиҷорат ва гумрук, иқтисодиёт ва менеҷмент, молия ва фаъолияти бонкӣ Салимов Н.С., Саидова М.Ҳ., Маҳмадуллоев З.Н. ва Аминов Ф.И. дар бораи раванди таълиму тарбия, корҳои илмию методии омӯзгорони кафедраҳо, фаъолияти таҳсилотии донишҷӯён ва натиҷаи имтиҳонҳои нимсолаи якуми соли таҳсили 2018 – 2019 суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Фаъолияти гуногунҷанбаи роҳбарон, омӯзгорону мутахассисон ва донишҷӯёни факултетҳо дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2018 – 2019 аз ҷониби аҳли Раёсат ва сохторҳои марбута мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба таври мусбат арзёбӣ карда шуд.

    

Шуъбаи робита бо ҷомеа

              

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top