Нишасти матбуотӣ

30 – юми январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Нуриддинович ҳусни оғоз бахшида, журналистонро хайрамақдам гуфт ва саҳми онҳоро дар пешрафти ҳаёти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Сипас, Ҳамидуллохон Нуриддинович аз хусуси фаъолияти донишгоҳ дар соли 2018 ба таври муфассал гузориш дод.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  ҳар нимсола рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 36 нишондод муайян менамояд.

Хурсандибахш аст, ки мувофиқи натиҷаҳои он ДДТТ дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018 – 2019 ҷойи 5 – умро ишғол намуда, ба панҷгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Ҳайати кадрҳои илмӣ – омӯзгории донишгоҳро омӯзгорони унвондор ва ботаҷриба ташкил медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 48,2% – ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,2% зиёд мебошад. Дар соли 2018 – ум 8 нафар омӯзгорон рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуданд.

Алҳол дар донишгоҳ 249 нафар профессорону омӯзгорон ба таълиму тарбия машғуланд, аз ҷумла, доктори илм, профессор – 16 нафар, номзади илм, дотсент – 104 нафар, муаллими калон – 85 нафар, ассистент-44 нафар.

Аз ин миқдор 2 нафарашон Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 7 нафар дорандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 32 нафар аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар Кормандони шоистаи кооператсияи матлубот мебошанд.

Дар хотимаи нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма  ба саволҳои додаи хеш аз ҷониби ректор, муовинони ректор ва дигар шахсони мутасаддии сохторҳои донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.  

    

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top