Фурӯғи аҳуроии ҷашни Сада

27 – уми январи соли 2019 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки дар он дар баробари масъулини ниҳодҳои давлатӣ омӯзгорону мутахассисони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

  

Дар ҳар гӯшаи боғ намунаҳое аз ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, навъҳои тухмии зироат, зотҳои чорво ва техникаи соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

        

Ҷашни Сада дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯзу Меҳргон аз нав эҳё гардида, даврони афзуншавии нуру рӯшноии Офтоб, дароз шудани рӯз, гузаштани зимистони серун ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ аст.

    

Аз даврони Сада то ба Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст ва пайдоиши ин ҷашн ба пайдоиши оташ пайванди ногусастанӣ дорад.

     

Дар айёми ҷашни Сада оташу рӯшноӣ ва некию ростӣ бар торикию зулмат ва зиштию беморӣ пирӯз мегардад. Чунин мақулаҳои ахлоқӣ дар ривояту устураҳои мардуми ориёӣ бисёр ба назар мерасад ва ин асотир далели равшани фурӯғи аҳуроии ҷашни Сада ва оғози таҳаввулоти замонии заминию кайҳонӣ шуморида мешавад.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top