Ниҳолшинонӣ дар айёми ҷашни Сада

29 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода гардонидани майдону боғчаҳо бо иштироки аҳли Раёсат ва омӯзгорону кормандони хоҷагӣ гузаронида шуд, ки ин амал боиси боз ҳам хурраму зебо шудани ҳудуди донишгоҳ мегардад.

Басо рамзист, ки чунин ободкорию хуррамгардонӣ дар донишгоҳ ба айёми ҷашни бостонии ниёгони арҷманди мо – ҷашни Сада рост омад.

Раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии кишвар бунёдкориву хуррамгардонии ин боргоҳи илму маърифатро ба таври муназзам идома диҳанд.     

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top