Мизи мудаввар

21 – уми январи соли 2019 дар толори дисссертатсионии донишгоҳ бо кӯшиши аъзои кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи гумрукчиён бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Абдулқодирзода, муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасии ниҳоди мазкур, полковник Ҳамроҳзода Б.С. ва омӯзгорону мутахассисон гузаронида шуд.

    

Нахуст профессор Раҷабов Р.К. маҳфили илмиро оғоз намуда, аз ҳузури меҳмонони гиромӣ изҳори хушнудӣ ва сипос кард.

Дар идомаи мизи мудаввар Ҳамроҳзода Б.С., Раҷабов Р.К., Абдулқодирзода Ҷ. ва мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба масоили гуногуни соҳаи гумрук суханронӣ намуданд.

  

Қисми дуюми мизи мудаввар пас аз нисфирӯзӣ дар кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ гузаронида шуд, ки дар он муаллимони калон, номзади илми иқтисодӣ Алиев М.Б., Холов М.Х., номзади илми иқтисодӣ Бӯриев Л. ва Ашӯров М.С. маърӯза намуданд.     

Шуъбаи робита бо ҷомеа

  

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top