Мастер - класси бонуи ҳунарманд

12 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ бо мақсади тарғибу тарвиҷи расму ойинҳои миллӣ дар асоси эълом гардидани солҳои 2019 – 2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинӣ барои омода намудани хӯроки миллӣ – қурутоб ва оростани дастархони миллӣ бо иштироки аҳли Раёсат ва омӯзгорону кормандон доир гардид.

Тарзи омода намудани қурутоби аслии кӯҳистонӣ бо қурут, равғани зард, фатиру пиёз ва оростани дастархони миллӣ аз ҷониби котиби Шӯрои олимон, бонуи ҳунарманд – Раҳёнбӣ Маҳсуддинова ва ёварони ӯ бо завқу салиқаи баланд барои бонувону донишҷӯдухтарон ба тариқи мастер – класс гузаронида шуд.

Раёсати донишгоҳ дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, тасмим гирифтааст, ки барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатиро ташкил намояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top