Таҳлили равандҳои сиёсӣ

 18 – уми январи соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю эҳтимоми муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илми иқтисодӣ, муаллими калон Лоиқшо Бӯриев семинари илмӣ дар мавзӯи  «Таҳлил ва дурнамои сиёсӣ: тамоюлҳо» бо иштироки декани факултет, доктори илми иқтисодӣ Саидова М.Х., мудирони кафедрахо ва омӯзгорону мутахассисон гузаронида шуд.

Нахуст Лоиқшо Бӯриев семинари илмиро ҳусни оғоз бахшида, суханро ба номзади илми фалсафа, дотсент Додарбек Хуморов вогузор намуд.

Мавсуф дар мавзӯи «Таҳлил ва дурнамои сиёсӣ: тамоюлҳо» суханронии пурмухтаво карда , аз ҷумла, таъкид намуд, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бисёр ҳам мураккаб, нигаронкунанда ва зудтағйирёбанда аст.

Ҳамчунин, дар маҳфил як зумра омӯзгорон мулоҳизаву андешаҳои худро перомуни мавзӯъ иброз намуданд. Дар анҷом устод Додарбек Хуморов ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top