Семинари илмӣ – методӣ

17 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ бо кӯшиши аъзои Раёсати таълим семинари илмӣ – методӣ дар мавзӯи “Маҳфилҳои илмӣ ва роҳу усулҳои самаранок гузаронидани онҳо” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., роҳбарони сохторҳо ва омӯзгорон ширкат намуданд.

  

Профессор Раҷабов Р.К. ва сардори Раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шаропов Ф.Р. маърӯзаҳои худро ба аҳли нишаст ироа намуда, оид ба аҳамияти маҳфилҳои илмӣ, нақши муҳими онҳо дар ташаккулёбии тафаккури илмии омӯзгорону коршиносони ҷавон ва роҳу усулҳои босамар гузаронидан ва корбасти муваффақонаи онҳо дар афзун гардонидани зарфияти илмии донишгоҳ ибрози андеша карданд.

Дар анҷом Раҷабов Р.К. ва Шаропов Ф.Р. ба суолҳои ҳозирин  посух доданд.       

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top