Семинари илмӣ

15 – уми январи соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю кӯшиши муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Лоиқшо Бӯриев ва мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, номзади илмҳои математика, дотсент Давлатмамад Сангмамадов дар кафедраи мазкур семинари илмӣ гузаронида шуд, ки дар кори он омӯзгорони фанҳои математика ва фанҳои табиатшиносӣ иштирок намуданд.

Маҳфили илмиро бо сухани муқаддимавӣ Лоиқшо Бӯриев оғоз намуда, дар идомаи он Давлатмамад Сангмамадов оид ба корҳои илмии омӯзгорони кафедра, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тадриси фанҳои математика ва табиатшинносӣ ибрози андеша кард.

Сипас, муаллимони калони кафедра Ғоибшо Мисоқов ва Ҳабибулло Мақсадов доир ба мавзӯъҳои “Усулҳои ҷудокунии тағйирёбандаҳо ва ё усули Фурйе” ва “Илмҳои табиатшиносӣ дар осори олимони тоҷик дар асрҳои X –XIII” суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом омӯзгорон Ғоибшо Мисоқов ва Ҳабибулло Мақсадов ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

           

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top