Ҷамъбасти соли сипаришуда

Дар ҷамъомади тантанавие, ки санаи 9 – уми январи соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ баргузор гардид, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ .Қ. дар хусуси корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ ба таври муфассал суханронӣ кард.

  

Дар маҷлиси ҳисоботӣ дар баробари омӯзгорону кормандони донишгоҳ  намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев иштирок дошт.

Қобил Толибов дар маҷмӯъ аз фаъолияти омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ  дар соли сипаришуда изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки донишгоҳ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ натиҷаҳои назаррасро ба даст овард.

      

Дар баробари комёбиҳо аз хусуси баъзе камбудиҳои дар кори таълиму тарбия ҷойдошта ёдовар шуда, бо дилпурӣ изҳори умед намуд, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён аз уҳдаи бартараф намудани онҳо бо сарбаландӣ мебароянд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мавқеи донишгоҳро дар қатори беҳтарин макотиби олии касбии кишвар нигоҳ доранд.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Носирҷон Бӯриев зимни суханронӣ аз дастовардҳои коллективи донишгоҳ, аз ҷумла, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки миқдорашон афзудааст, изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки бо вуҷуди комёбиҳо дар соли 2018 аз ҷониби се нафар донишҷӯи донишгоҳ ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадан ба қайд гирифта шудааст, ки ин нигаронкунанда аст.

Дар хотимаи маҷлиси ҳисоботӣ чанде аз омӯзгорону кормандон саволу пешниҳодҳои худро, ки ба манфиати кор буданд, манзур гардонида, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top