Сухане чанд перомуни муқаддасот ва ормони миллӣ
25–уми октябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти кафедраи забонҳо ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатии кишвар, Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор додани нахустин чархаи НОБ-и Роғун маҳфили илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забон донӣ–ҷаҳон донӣ” доир гардид. Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳо Ҷамшед Гурезов оғоз намуда, устодон ва донишҷӯёнро бо ин санаҳои муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфт.
Баъд аз он, гурӯҳи донишҷӯён ба забони англисӣ порчаҳои шеърӣ, суруд ва муаррифиномаҳоро доир ба ҷашнҳои Конститутсия ва Парчами давлатӣ қироат намуданд ва табъи аҳли нишастро хушу болида гардониданд. Дар анҷоми ҳамоиш Ҷамшед Гурезов ба омӯзгорони забони англисӣ Пакаева З., Ергешева Н., Боймуратова М. ва донишҷӯёни фаъоли курси 1–уми ихтисоси 240101, ки дар пурмазмуну шавқангез гузаштани маҳфил саҳмгузорӣ карданд, изҳори сипос намуд.
Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо