Лоиҳаи PAWER: роҳ ба сӯи имкониятҳои нав

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар байни макотиби олии кишвар пешоҳанги ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот маҳсуб меёбад, дар татбиқи лоиҳа ва барномаҳои аврупоии ин низоми озмудашуда саҳми назаррас дорад. Донишгоҳ аз соли таҳсили 2004-2005 то имрӯз таълимро аз рӯи низоми кредитии таҳсилот пеш бурда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Соҳиб гардидан ба ҷоизаҳои “Муассисаи беҳтарини Аврупо” (соли 2007), “Сифати Аврупоӣ” (соли 2007), аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ноил шудан ба шаҳодатномаи Аккредитатсияи байналмилалӣ (соли 2012), дар хориҷи кишвар (Полша, Испания) нахустин шуда, унвони доктори PHD – ро соҳиб шудани се нафар дастпарварони донишгоҳ (Б.Юсупова, Б.Накатова, А.Бобохонов) баёнгари гуфтаҳои болоанд.

Лозим ба ёдоварист, ки донишгоҳ бори нахуст барномаи мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгоронро дар соли таҳсили 2004/2005 дар асоси созишномаи ба тасвиб расида бо Донишгоҳи Андонги Кореяи Ҷанубӣ ба роҳ монд ва як нафар донишҷӯи беҳтаринро барои омӯзиши забони кореягӣ ба донишгоҳи зикргардида фиристод. Донишгоҳ аз он вақт то имрӯз таҷрибаи ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгоронро дар доираи созишномаҳо ва барномаи Эразмус Мундус (ҳоло Эразмус+) таҳким бахшид. Натиҷаи чунин ҳамкориҳо буд, ки имрӯз зиёда аз 40 - нафар донишҷӯи донишгоҳ дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, Қазоқистон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳсилро бо забони англисӣ аз рӯи ихтисос идома дода истодаанд.

  Боиси хурсандист, ки донишгоҳ борҳо макони баргузории семинару конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатии сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла, чорумин вохӯрии роҳбарони лоиҳаи аврупоии “PAWER” Эразмус + KAI, ки рӯзҳои 11–ум ва 12–уми октябр бо иштироки намояндагони макотиби олии кишварҳои Англия, Италия, Полша, Булғористон, Маҷористон, Муғулистон, Россия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар донишгоҳи мазкур баргузор гардид, аз қабили чунин чорабиниҳои илмии сатҳи баланд маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур дастрасӣ ба сифати баланди таҳсилот ва имкониятҳои нав барои табодули устодону донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Қабл аз оғози вохӯрӣ меҳмонон дар саҳни донишгоҳ бо аксу мусаввараҳои ҷолибе, ки баёнгари ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои зебою нотакрори кишвари биҳиштосоямон буданд, инчунин маҳсулоти нонию қаннодӣ ва номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дастони кормандон ва донишҷӯдухтарону бонувони донишгоҳ ва литсейи он ба ҳисоб рафта, дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан карда, як ҷаҳон таассурот бардоштанд.

 Донишҷӯёни донишгоҳу толибилмони литсей дар боби аз бар намудани илму дониш ва дӯстию бародарии халқҳо бо забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Хонандагони листей Ибодат Раҳмонова ва Озодаи Шамсулло, ки ба пухтани оши палави тоҷикӣ машғул буданд, тарзи тайёр кардани онро бо забони русӣ, донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Абдул-Алӣ Рӯё тарзи омода намудани оши палави афғониро бо забони англисӣ баён намуда, сазовори таҳсини меҳмонони хориҷӣ гардиданд.

Сипас, дар толори диссертатсионӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида меҳмононро ба Тоҷикистони офтобрӯя, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, алалхусус барномаҳои байналмилалӣ, аз қабили ERASMUS+ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилотро яке аз ҳадафҳои асосии хеш қарор додаанд. Маҳз ҳамин ҷаҳду талошҳост, ки имрӯз тамоми макотиби олии кишвар ба низоми кредитии таҳсилот ворид гарида, ба тариқи пилотӣ барномаҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштанд.

Намояндаи Идораи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Диана Димова аз хусуси ҳамкориҳои макотиби олии кишвар дар самти татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, бахусус лоиҳаи аврупоии “PAWER” Эразмус+ KA1 суханронӣ намуда, бо боварӣ изҳор намуд, ки ин ҳамкориҳои судманд минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Доктори Донишгоҳи Лаквилаи Италия Массимиллиано Дионесензо зимни суханронӣ оид ба фаъолияти шарикони лоиҳа маълумоти муфассал дода, иброз дошт, ки дар ин самт ҳамкориҳоро боз ҳам ҷонноктар бояд кард. Профессори Донишгоҳи Мидлсекси Британияи Кабир, Ҷорҷ Дефоул дар бораи рушди барнома ва натиҷаи тренингҳои баргузоргардида дар макотиби олии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, доктори Донишгоҳи Зегеди Ҷумҳурии Маҷористон Томас Моностори дар хусуси мутобиқати барномаҳои таълимӣ, намояндаи Донишгоҳи илм ва ҳаёти Ҷумҳурии Лаҳистон Кристоф Кафарски оид ба назорати сифати мониторинги лоиҳа, намояндаи Донишгоҳи Лаквилаи Италия доир ба стратегия ва тарҳрезии лоиҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарикони лоиҳа, профессори Донишгоҳи Лаквилаи Италия Марко Колабресе оид маблағгузории минбаъдаи барнома ва вохӯриҳои оянда дар доираи лоиҳаи мазкур, намояндаи Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Муҳиддинов, намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Шахин Байрамов маърӯзаҳои пурмазмун намуда, андешаҳои худро ҷиҳати роҳҳои боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия, мубодилаи байниминтақавӣ – аврупоию Осиёи Марказии донишҷӯёну омӯзгорон ва дастрасии баробар ба таҳсилро, бахусус дар замони ҷаҳонишавӣ, баён намуданд.

Баъди анҷоми кори конфронс, яъне нимаи дуюми рӯзи 12–уми октябр меҳмонон аз ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои зебою нотакрори Душанбешаҳр ва атрофи он дидан намуданд.

Раёсати донишгоҳ боварии комил дорад, ки татбиқи лоиҳаи PAWER, аз ҷумла чорабиние, ки таи ду рӯз дар донишгоҳ аз нигоҳи меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи баланд доир гардид, дар баробари рушди барномаи мубодилаи донишҷӯён дар зинаи бакалаврият аз рӯи ихтисос, барои амалӣ намудани табодул аз рӯи барномаи доктор - PhD низ шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард. Амалӣ гардонидани имкониятҳои зикргардида ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз рӯи барномаи доктор- PhD байни донишгоҳҳои ҳамкор заминаи боэътимод ба вуҷуд меорад. 

Р.Шарифов         

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top