Забон ва ҳувияти миллӣ дар ашъори Мавлоно

11–уми октябри соли 2018 дар ДДТТ бо ташаббуси роҳбарият ва аъзои кафедраи забонҳо маҳфили илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Тоҷири соҳибзавқ” доир гардид.

  

Ба маҳфил мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Ҷамшед Гурезов бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи забони тоҷикӣ ва нақшу аҳамияти бузурги он дар худшиносию ҳувияти миллии тоҷикон изҳори андеша карданд. Сипас, дотсент Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур дар мавзӯи «Ҷалолуддини Балхӣ оид ба нақши забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ» суханронии пурмазмуну омӯзанда намуд ва аҳли нишастро бо ашъори ғановатманди Мавлоно, ки дар ситоиши забони шевою шоиронаи тоҷикӣ ва муҳимияти худогоҳию худшиносии миллӣ гуфта шудааст, шинос намуд. Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101 – фаъолияти гумрукӣ Собир Азизов дар мавзӯи “Забон – пояи давлату миллат” баёни афкори судманд кард ва забони миллиро рукни асосию бунёдии давлатдории миллии тоҷикон арзёбӣ намуд.

  

Пас аз он, гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори шоирон – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Саидалӣ Маъмур дар ситоиши забони куҳанбунёди тоҷикӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Дар анҷоми маҳфил  Ҷамшед Гурезов ба устодону донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва бо шукӯҳи хосса гузаронидани чорабинӣ, ки боиси баланд бардоштани дараҷаи худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси вантандӯстии ҷавонон мегардад, изҳори сипос намуд.  

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top