Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”

4-уми октябр дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати иҷрои мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари хунарманди сол» бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

 

Дар озмун донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ иштирок намуда аз руи шартҳои зерин сабқат намуданд:

-Реза намудани сабзӣ ва буридани угро

-Бастани галстук ва дарзмол намудани куртаи мардона

-Ороиши мӯй ва пардоз намудани рӯй

-Омода намудани таом ё ягон намуди ширинӣ

-Малакаи ҳунармандӣ

 

 

 

-Ба ҳунари донишҷӯён ҳайати комиссия аз Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёњии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намуданд.

Дар озмуни мазкур Абдуллоева Севинч, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250103 ва Боқиева Гулбарг, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250108 бо гирифтани холи баландтарин ғолиб дониста шуда, барои иштирок ба даври ниҳоӣ (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифтанд.   

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top