Чорабинии фарҳангӣ

Бо мақсади амалӣ гардониданиталаботи мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.2018, №25111(26.7) ҷиҳати ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатию варзишӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 6.10.18 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор намуд.

Гурӯҳи «Тоҷири Аҷам» донишгоҳ бо намоиши барномаҳои ҷолиб хотири њозиринро болида гардониданд. Тамошобинон, ки аксарияташонро сокинони пойтахт ташкил медоданд, аз суруду таронаҳои дилнишин ва оҳангҳои марғуби ҳунармандони ҷавон ба ваҷд омада, ҳунару истеъдоди донишҷӯёнро бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top