Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ

1-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Донишкадаи «Ҷомеаи кушод»-и Хазинаи мусоидати Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи Барномаи «Дастгирии идоракунии молиявии давлатӣ», ки аз ҳисоби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мегардад, дарси кушоди доктори илмҳои иқтисодӣ (PhD), и.в. дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ Исупова Б.Ф. дар мавзӯи «Амнияти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар лексияи дотсент Исупова Б.Ф. муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вар обита бо ҷомеа, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирова З.Ҳ., Сардори Раёсати таълим, дотсент Ҳомитов М.С., мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмонов У.М., сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ., устодону донишҷӯёни кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ ва, ҳамчунин, ҳамоҳангсози лоиҳа, намояндагони Донишкадаи «Ҷомеаи кушод»-и Хазинаи мусоидати Тоҷикистон иштирок карданд.

Зимни ироаи лексия перомуни масоили ҷомеаи кунунӣ, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдид менамоянд, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, тундравӣ, истифодаи нодурусти низоми молиявӣ, низоми молиявӣ, низоми миллии МШМ/МТ-и ҶТ ва вазъи феълии корҳо дар соҳаи мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.

Дар вақти суханронии худ Исупова Б.Ф. оид ба сари вақт муайян кардан ва бартараф намудани таҳдидҳо ба амнияти молиявӣ, таҳкими низоми миллии МШМ/МТ, лозиму зарурӣ будани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи мониторинги молиявӣ ва таҳияи стандарти таълимии «Амнияти иқтисодӣ», ки талаби замони муосир аст, баёни андеша намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш Исупова Б.Ф. ба суолҳои аҳли нишаст посухҳои мушаххасу аниқ дод.

 

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top