Сафари ҷавонон ба минтақа ва ноҳияи Рашт

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирињои раёсати донишгоњ як зумра аъзоёни гурўҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» мебошанд, ба минтақа ва ноҳияи Рашт фиристода шуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Нуробод гурӯҳи моро ҷавонон ва роҳбарияти ноҳияи мазкур самимона ва бо суруду тарона пешвоз гирифтанд.

Дар деҳаи Улфатободи Ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи мазкур намояндагони ВКД ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» бо аҳли ҷомеа, ҷавонон ва фаъолони ноҳия суҳбату вохӯрии судманд доир намуданд.

Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор зимни суханронӣ зикр кард, ки масъалаи ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро масъалаи доғи рӯз аст ва мутаассифона, чунин проблема дар ноҳияи Нуробод низ ҷой дорад.

Мавсуф бо мисолҳои дақиқу мушаххас аз шомил гардидани баъзе ҷавонон ба чунин равияҳо сухан кард ва зикр кард, ки ҳаракату равияҳои экстремистиву террористӣ ҳеҷ умумияте бо дини мубини ислом надоранд. Зеро террорист дин, мазҳаб, миллат ва давлат надорад.


Дар идомаи чорабинӣ дигар намояндагони ВКД ва ҷавонони фаъоли гуруҳи «Авангард» баромад намуданд. Аз љумла донишљўи курси 3 - юми ихтисоси 240101 факултети Муносибатњои иќтисодии байналмилалї ва њуќуќ баромад намуда, бо шукргузорӣ аз суботу сарҷамъӣ ва ҳамдилии ҷавонон иброз дошт, ки баҳри пойдориву устувор мондани дӯстии ҷавонон ва якпорчагии Ватан камари ҳиммат мебандем ва аз суханронии созандаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 12-уми майи соли равон бо аҳли ҷомеа баргузор гардид, ёдовар шуда, иброз дошт, ки суханони сарвари давлатро ҳамеша сармашқи кору пайкори хеш қарор медиҳем, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар сурат гирифт.          

Муовини декани факултети
МИБ ва ҳуқуқ Рустамов Фитрат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top